- ҳукм
- [حکم]1. амр, фармон, фармоиш2. қарор, қарори маҳкама, органҳои судӣ ва ғ.3. қоида, қонун, чизи ба сифати қоида ва қонун фармуда; ҳукми шариат; ҳукм баровардан а) фармон баровардан; б) қонуну қоида баровардан; в) ба як фикре омадан, баҳо додан; ҳукм кардан фармон баровардан, қарор додан; ҳукм рондан а) фармонфармоӣ кардан, ҳукумат кардан; б) барқарор будан, устувор будан; ба ҳукми (касе, чизе) даромадан а) ба ихтиёри чизе (касе) даромадан, тобеъ шудан; б) ба мисли ҳамон чиз шудан, шакл ё расми ҳамон чизро гирифтан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.